Венесуэла: аз Эрон дарси муқовимат гирифтем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57908-Венесуэла_аз_Эрон_дарси_муқовимат_гирифтем
Вазири корҳои хориҷии Венесуэла мегӯяд, кишвараш аз Эрон чигунагии истодагӣ дар баробари зургӯиро омӯхтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 29, 2020 22:54 Asia/Dushanbe
  • Венесуэла: аз Эрон дарси муқовимат гирифтем

Вазири корҳои хориҷии Венесуэла мегӯяд, кишвараш аз Эрон чигунагии истодагӣ дар баробари зургӯиро омӯхтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Хорхе Арреаза  Jorge Arreaza вазири хориҷаи Венесуэла бо Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва видеоконферентсия дошт ва ду тараф дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла проектҳои ҳамкории ҷомеи ду кишвар гуфтугӯ карданд .
Вазири хориҷаи Венесуэла  равобити ду кишварро дар беҳтарину ва болотарин сатҳ тавсиф карду гуфт: Венесуэла аз Эрон дарс гирифт то бо иқдомоти таҳмилӣ ва якҷонибаи Амрико муқобила кунад .
Арреаза гуфт дар ин тамос равобити ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла энержӣ, беҳдошт, кишоварзӣ ва ғизо, ки ду тарафи проектҳои муштараке ба хусус дар ду соли гузашта доштаанду ҳамчунин пешрафтҳои Эрон дар муқобила бо ҳамагирии вируси корона мавриди баррасӣ қарор гирифт .