Сентябр 30, 2020 12:28 Asia/Dushanbe
  • Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро истирдод кард

Мақомоти қазоии Лаҳистон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ истирдод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи радиои Полша, ин панҷ  нафари муттаҳам ба доштани иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ ва таблиғ барои ҷазби атбоъи Полша  ва Украина ба ин гурӯҳ мебошанд .
Ин мақомот эълом кардаанд, ки чаҳор нафар аз ин афрод дар моҳи майи имсол боздошт шудаанд, аммо нафари панҷумӣ дар пайи амалиёти муштараки зиддитеррористии чанд кишвари аврупоӣ пас аз фирор аз Полша дар моҳи декабри соли 2019 боздошт шудааст .
Гуфта мешавад, ки ин фард  пас аз фирор аз Полша қасд дошт худро ба Сурияи расонад ва ба шабакаи Ал-Қоида  бипайвандад.
Ин дарҳоле аст, ки чаҳор табааи дигари Тоҷикистон дар рӯзи 15 аврели имсол дар Олмон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДИИШ ва талош барои омодасозии анҷоми чанд амалиёти террористӣ боздошт шудаанд .
Ҳамчунин як табааи дигари Тоҷикистон дар авохири моҳи аврели имсол аз Албания ба дархости мақомоти қазоии Олмон ба Берлин мунтақил шуд, ки бо бақияи афроди боздоштшудаи тоҷик дар иртибот буд аст.  

Барчасп