Октябр 04, 2020 15:10 Asia/Dushanbe
  • Омори мубталоён ба куруно дар ҷаҳон аз 35 миллион нафар гузашт

Оморҳои ҷадид нишон медиҳад, ки шумори мубталоён ба вируси куруно дар ҷаҳон ба беш аз 35 миллион нафар расидааст.

Баровардҳои вебгоҳи “Worldometers” нишон медиҳад, шумори афроде, ки дар ҷаҳон ба вируси куруно мубтало шудаанд, рӯзи якшанбе ба беш аз 35 миллиону 139 ҳазор нафар расидааст.

Беш аз як миллион нафар низ бар асари ибтило ба вируси куруно фавт кардаанд.  

Амрико бо ҳудӯди 7 миллиону 590 ҳазор нафар бештарин шумори мубталоён дар ҷаҳонро дорад ва ҳудӯди 214 ҳазор нафар низ бар асари ибтило ба вируси куруно дар ин кишвар фавт кардаанд.

Баррасиҳои оморӣ нишон медиҳад, ки Амрико 21 дарсад аз кулли мубталоён ба вируси куруноро дар ҷаҳон дорад.

 

Барчасп