Пинҳонкории Трамп дар бораи мубтало шудан ба корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58058-Пинҳонкории_Трамп_дар_бораи_мубтало_шудан_ба_корона
Як рӯзномаи амрикоӣ фош кард, раисҷумҳурии Амрико мубтало шудани худ ба коронаро пинҳон карда буд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 05, 2020 10:49 Asia/Dushanbe

Як рӯзномаи амрикоӣ фош кард, раисҷумҳурии Амрико мубтало шудани худ ба коронаро пинҳон карда буд.

Ба гузориши рӯзномаи “Вол стрит журнал”, манобеи огоҳ дар Кохи Сафед рӯзи якшанбе эълом карданд, мубтало шудани Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба вируси корона пас аз анҷоми як тести фаврӣ таъйид шуда буд, аммо вай ин мавзӯро фош накардаву озмоиши дубораро хостор шуда буд.

Бо ин ҳол, дар пайи намоён шудани алоими бемории Ковид – 19”, кадри дармонии Кохи Сафед рӯзи ҷумъаи гузашта Трампро барои идомаи раванди дармон ба бемористони низомии Валтер Реед мунтақил карданд.

Трамп бомдоди душанбе бо интишори видеоӣ дар сафҳаи расмии Твиттери худ эълом кард, ки қасд дорад ҳаводоронашро, ки беруни бемористон таҷаммуъ кардаанд, шигифтзада кунад.

Вай барои дидани ҳаводоронаш бемористони Валтери Редро тарк кардаву пас аз муддате дубора ба бемористон бозгашт.

Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё пизишкони Трамп бо ин иқдоми ӯ мухолифат кардаанд ё раисиҷумҳурии Амрико бидуни тавваҷуҳ ба назари пизишкон тасмим ба хориҷ шудан аз бемористон ва дидор бо ҳаводоронаш гирифтааст.