Корона баъди беҳбудӣ дар ҷое аз бадан зинда мемонад!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58119-Корона_баъди_беҳбудӣ_дар_ҷое_аз_бадан_зинда_мемонад!
Шояд бовари ин мавзӯъ бисёр душвор бошад, аммо таҳқиқот нишон медиҳад, ки вируси корона ҳатто пас аз беҳбудии шахси гирифтор , дар қисмати хосе аз бадани ӯ зинда мемонад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Октябр 07, 2020 06:59 Asia/Dushanbe
  • Корона баъди беҳбудӣ дар ҷое аз бадан зинда мемонад!

Шояд бовари ин мавзӯъ бисёр душвор бошад, аммо таҳқиқот нишон медиҳад, ки вируси корона ҳатто пас аз беҳбудии шахси гирифтор , дар қисмати хосе аз бадани ӯ зинда мемонад.

То ба ҳозир ҳамаи мо медонем, ки бемории корона як бемории танаффусӣ аст, ки ба суръат аломатҳои худашро нишон медиҳад ва дар саросари дунё ҳам пароканда шуда аст. Ин беморӣ маъмулан рӯи шуш ва ҷараёни ҳаво асаргузор аст. Дар натиҷа мумкин аст ба андомҳои ҳаётии дигар ҳам бирасад. Дар нуҳ моҳи гузашта донишмандон дар саросари ҷаҳон рӯи ин беморӣ мутолиа доштаанд.

 Чизҳои зиёде барои кашфу шуҳуд вуҷуд дорад, аммо таҳқиқот нишон медиҳад, ки КОВИД 19 дар қисмати хосе аз бадан зинда мемонад; ҳатто баъд аз муддати замони тӯлонӣ, ки фард аз ин беморӣ ҷони солим ба дар мебарад ва муҳимтар аз ҳама ин ки ҳануз дар чунин ҳолат ҳам эҳтимоли интиқол вуҷуд дорад .

Мутолиа руи 15 бемори мубтало ба вируси корона анҷом шуд ва намунаҳое аз ин вирус дохили ахлоти ашхос пайдо гардид; дар ҳоле, ки ин ашхос дар тӯли беморӣ ҳеч навъ аломати шикамие монанди ҳолати дарунравӣ ва исҳол надоштанд.

 Озмоиши мусбати онҳо дар намунаи ахлоташон  мавриди баррасӣ қарор гирифта буд ва ин дақиқан як ҳафта баъд аз замоне буд, ки аз бемории корона беҳбуд пайдо карда буданд ва натиҷаи  озмоиши танаффусии онҳо манфӣ шуда буд . Натиҷаи таҳқиқот ин шуд, ки вируси КОВИД 19 монанди СОРС метавонад ба руда ҳам ворид шавад.

Албата ҳануз ҳам боварҳо бар ин аст, ки роҳи интиқоли ин вирус ба воситаи қатраҳои пахшшуда дар ҳаво аз тариқи суҳбат кардан, сурфа ва атса аст, аммо аъзои ҳозима ҳам метавонад бахше аз ин вирусро ба ашхоси дигар мунтақил кунад.

 Таҳқиқот дар маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо анҷом шуд ва ба ин натиҷа расиданд, ки эҳтимоли интиқоли КОВИД 19 аз ин тариқ,яъне ҳам вуҷуд дорад.