Ҳама аз Трамп дар Кохи сафед фирорӣ ҳастанд
(last modified Wed, 07 Oct 2020 08:46:42 GMT )
Октябр 07, 2020 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳама аз Трамп дар Кохи сафед фирорӣ ҳастанд

Гирифтор шудани раиси ҷумҳӯрии Амрико ба КОВИД 19 мавҷе аз нигарониро миёни кормандон, рӯзноманигорон ва масъулоне ки муддатеро дар Кохи сафед гузарондаанд ба вуҷуд оварда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Гардиан , ҳудуди 100 нафар аз коркунони Кохи сафед шомили дастёрон, назофатчиҳо ва коркунони бахшҳои мухталиф аз ҷумлаи бахши амниятӣ, ки ғолибан синни болое низ доранд ва дар дастаи афроди заъиф дар баробари вируси корона қарор мегиранд , аз ҳузури Трамп дар Кохи сафед ибрози нигаронӣ мекунанд.

 Коркунони бахши хадамоти махфӣ, ки масъулияти ҳифозат аз раиси ҷумҳӯрии Амрикоро бар ӯҳда доранд, низ дар конуни тавваҷуҳ қарор гирифтаанд, зеро аз инки Трамп ҳангоми хориҷ шудан аз бемористони Уолтер Рид барои дидани ҳаводоронаш , ҷони онҳоро дар маърази хатар қарор дода буд , хашмгин ҳастанд .

 Ҷеймс Флипс , пизишки бемористони мазкур дар Твиттер навишт : Яко-яки афроди ҳозир дар худрав ҳангоми савории комилан ғайризарӯрии раиси ҷумҳӯр бояд 14 рӯз дар карантина қарор бигиранд . Онҳо мумкин аст бемор шаванд ё бимиранд; он ҳам фақат барои намоиши сиёсӣ . Трамп ба онҳо дастур дод ҷони худро ба хатар биандозанд . Ин девонагӣ аст.»

Трамп рӯзи душанбе дар ҳоле, ки ҳануз вируси корона аз бадани ӯ хориҷ нашуда ва эҳтимол дошт дигаронро низ гирифтор кунад аз бемористон ба Кохи сифед баргашт ва бе таъхир ниқоби худро низ бардошт .

 

Барчасп