Октябр 07, 2020 15:53 Asia/Dushanbe
  • Хабари бад барои ҷумҳурихоҳон : Истиқбол аз интихобот 50 баробар шуд

Мушорикати шаҳрвандони амрикоӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 то кунун дар раъйгирии пеш аз муҳлат 50 баробар беш аз давраи қабл буда аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , нашрияи амрикоии Форбс дар тозатарин гузориши худ аз раванди интихоботи Амрико навишт : Чаҳор миллиону 250 ҳазор нафар дар 31 иёлати Амрико раъйҳои худро ба сандуқ андохтаанд ва пешбинӣ мешавад ин рақам дар ҳафтаҳои оянда рушди зиёде дошта бошад .

 Ба навиштаи Форбс , дар замони мушобеҳ дар интихоботи соли 2016 теъдоди 75 ҳазор раъй дар сандуқҳо рехта шуда буд, ки нишон медиҳад мушорикати шаҳрвандон дар интихоботи 2020 беш аз 50 баробар шуда аст .

 Бо дар назар гирифтан ин теъдод раъй , донишгоҳи Флорида, ки маъракаи раъйгириро баррасӣ мекунад, пешбинӣ карда аст, ки мизони мушорикат дар интихоботи имсол ҳудуди 150 миллион нафар бошад ва ин рақаме аст, ки Амрико аз соли 1908 ба худ надида аст .

 Сабти ин теъдод раъй дар ҳоле аст, ки бисёре аз иёлатҳо ҳануз раъйгирии зудҳангом ё ирсоли варақаҳои раъй барои мардумро оғоз накарданд .

 Бар асоси эъломи комиссиюни интихоботи федеролии Амрико , дар соли 2016 дар маҷмӯъ 136 миллиону 669 ҳазору 276 раъй гирифта шуд .

 Трамп дар саросари корзори интихоботии имсолааш ба раъйгирии паст тохта ва иддао карда, ки тақаллуби густардае дар ин равиш рӯй медиҳад .

 

Барчасп