Песков: Русия худро ба аманияти Арманистон мутааҳид медонад
(last modified Wed, 07 Oct 2020 14:13:40 GMT )
Октябр 07, 2020 19:13 Asia/Dushanbe
  • Песков: Русия худро ба аманияти Арманистон мутааҳид медонад

Сухангӯи Раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард. ки кишвараш дар чорчӯби паймони амнияти ҷамъӣ ба ҳифзи амнияти Арманистон мутааҳид аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Интерфакс, "  Дмитрий Песков " сухангӯи  Раиси Ҷумҳурии Русия гуфт : « мо ҳамчунон дар бораи он чӣ дар минтақаи Қарабоғ  иттифоқ меуфтад, ба шиддат нигарон ҳастем ва мӯътақидем, ки тарафайн бояд даргирии Низомиро мутаваққиф карда ва пушти мизи музокира  биншинанд.»
Песков гуфт : таъаҳудоти Рӯусия дар Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ шомили амнияти Арманистон мешавад, зеро дар шароите, ки кишвари узви Паймони Амнияти Ҷамъӣ ҳадафи ҳамла қарор бигирад сойири ширкаткунандагон дар паймон  муваззаф ба дифо аз он узв хоҳанд буд, аммо ин таъаҳҳуди минтақаи Қарабоғро дар бар намегирад .
Вай ёдовар шуд : Беларус, Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қирғизистон, кишварҳои наздик ба Русия ва дӯсти Маскав ҳастанду мусалламан  Русия  алоқаманд аст ки ҳамсоягону шариконаш сулҳ, рифоҳ ва сауботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд .
Сухангӯи  Раиси Ҷумҳӯурии Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ҳузури шибҳи низомиёни сурӣ дар Қарабоғ  боиси нигаронии амиқи давлати Маскав шудааст.
Даргириҳо байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи ҳафтаи гузашта аз сар гирифта шудааст .