Октябр 08, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Русия саркардаи мухолифони давлати Белорусро боздошт мекунад

Вазорати кишвари Русия қарори боздошти саркардаи мухолифони давлати Белорусро содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС , Вазорати кишвари Русияи далели судури қарори боздошт  барои Светлана Тихановская Sviatlana Tsikhanouskaya саркардаи мухолифони давлати Беларус ва номзади шикастхӯрда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии ин кишварро " иқдоми муҷримонаи " ӯ эълом кард ва вуруди вайро ба хоки Русия мамнӯъ донист .
Бар асоси ин гузориш, қарори боздошти Тихоновская ибтидо дар Беларус содир шуд ва сипас ин мавзӯ ба Русия  ҳам густариш ёфт чунки ду кишвар  тавофуқи дуҷониба дар заминаи судури қарорҳои боздошти муҷримон доранд.
Тихоновская  баъд аз шикаст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус ба Литва гурехт .
Пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус дар нуҳуми авшусти соли 2020 ва эъломи пирӯзии муҷаддади Лукашенко, тарафдорони Тихоновская дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба раванди баргузории интихобот эътироз карданд ва бо полис даргир шуданд .