Октябр 10, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Озодии 43 нафар аз маҳбусони гурӯҳи Толибон дар Афғонистон

Низомиёни артиши Афғонистон дар амалиёти зидди мавозеъи гурӯҳи Толибон, 43 нафарро аз зиндони ин гурӯҳ озод карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, Вазорати дифои Афғонистон  имрӯз ( шанбе ) эълом кард, ин амалиёт, ки дар шаҳристони «Шоҳҷӯӣ  » аз тавобеъи вилояти Зобул дар ҷануби- шарқи ин кишвар иҷро шуд , 43 нафар аз ҷумлаи низомиён ва ғайринизомиёни афғон аз зиндони Толибон озод шуданд .
Бист нафар аз зиндониёни озодшуда, аз ҷумла  чаҳор ғайринизомӣ ба шаҳри «Қалот»-и маркази вилояти Зобул мунтақил шуданд ва сойири афрод озод шуда ба суфуфи низомиёни Афғонистон пайвастанд .
Низомиёни афғони дар ҳоле аз зиндони гурӯҳи Толибон озод шуданд, ки Толибон қабл аз ин эълом карда буд, ҳамаи ҳазор низомии зиндониро озод кардааст, давлати Афғонистон низ дар чанд моҳи ахир беш аз панҷ  ҳазор зиндонии Толибонро озод кард .
Музокироти сулҳи Афғонистон  байни давлати  ин кишвар ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар, аз 12 сентябр дар Дуҳаи Қатар оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад . Тарафайн дар ин музокирот то кунун ба тавофуқе нарасиданд .  

Барчасп