Октябр 10, 2020 18:48 Asia/Dushanbe
  • Мутааҳид будани давлати Афғонистон барои расидан ба сулҳи доимӣ

Давлати Афғонистон барои расидан ба сулҳи доимӣ дар ин кишвар мутааҳид аст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, "Муҳаммад Масъум Станекзай", раҳбари гурӯҳи музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон, рӯзи шанбе гуфт, ки ҳеҷ кас наметавонад ҳукумат ва мардуми ин кишварро аз расидан ба сулҳи пойдор дар кишвар боздорад.

 Муҳамад  Масъум Станекзай раиси ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо гурӯҳи Толибони рӯзи шанбе гуфт, ҳеч касе наметавонад монеъи хости давлат ва мардуми ин кишвар барои расидан ба сулҳи доимӣ дар ин кишвар шавад .

« Муҳамади Масъум Станекзай » афзуд, ҷангу даргирӣ дар Афғонистон ба мардуми ин кишвар  зиёнҳои зиёде ворид кардааст .
 Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо тероризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд, аммо ҷанг ва даргирӣ ҳамчунон дар Афғонистон идома дорад.
 Ин изҳорот дар ҳолест, ки музокироти сулҳи Афғонистон  байни давлати ин кишвар ва гурӯҳи Толибон барои поёни ҷангу даргирӣ дар ин кишвар, аз 12 сентябр дар Дуҳаи  Қатар оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад . Тарафайн дар ин музокирот токунун ба тавофуқе нарасиданд. 

Барчасп