Иттиҳоми Арманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sun, 11 Oct 2020 12:58:05 GMT )
Октябр 11, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Арманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

Арманистон Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба дарёфти силоҳҳои сохти Туркия ва режими саҳюнистӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Итар-Тасс, Артрун Ованесян, сухангӯи вазорати дифоъи Арманистон, рӯзи якшанбе гуфт, ки Исроил ва Туркия бо баҳонаи кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Озарбойҷон таҷҳизоти низомӣ мефурӯшанд.
Ин дарҳоле аст ки, Раиси Ҷумҳури Арманистон  «Армен Саркисян», дар гуфтугӯи  телефонии ахир бо " Ровин Ривлин" Раиси режими саҳюнистӣ гуфта буд : тадовуми ҳимояти таслеиҳотии Тел-Авив аз Боку бо ҳеч стандарте қобил қабул нест ва ин амр метавонад равобити Арманистон ва Исроилро ба таври ҷиддӣ тазъиф кунад .
 Арманистон мегӯяд : паҳподҳои сохти режими саҳюнистии артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон  нақши таъинкунандае дар даргириҳои ахири Боку ва Ереван ифо карда ва шуморе аз ғайринизомиён ва нерӯҳои арманӣ дар ҳамалоти ин паҳбодҳо кушта ё захмӣ шудаанд .