Октябр 13, 2020 14:17 Asia/Dushanbe
  • Нишасти байни афғонҳо пас аз як моҳ ҳанӯз натиҷае надоштааст
    Нишасти байни афғонҳо пас аз як моҳ ҳанӯз натиҷае надоштааст

Толибон ва давлати Афғонистон пас аз 12 рӯзи тавофуқи музокираи сулҳ, шомгоҳи гузашта бори дигар ба мизи музокира бозгаштанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, Аҳмад Нодири Нодирӣ сухангӯии ҳайати давлати Афғонистон  рӯзи сешанбе дар Фейсбуки худ навишт, ки нишасти гурӯҳи тамоси ҳайати музокиракунандаи давлат ва Толибон баргузор шуд ва ду тараф тавофуқ карданд нишастҳои баъдӣ барои ҳалли мавориди ихтилофӣ идома ёбад .
Муҳаммаднаим сухангӯии дафтари сиёсии Толибон дар Қатар низ дар Твиттер хабари нишасти гурӯҳи тамоси ду тарафро таъйид кард .
Ҳарчанд нишасти гурӯҳҳои тамоси ду тараф пешрафте надошта ва ихтилофот бар сари дастури кори музокирот побарҷост, аммо гуфта мешавад, ки нишаст  шомгоҳи гузашта бо миёнҷигарӣ Залмай Халилзод фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон баргузор шудааст .
Ин дар ҳоле аст, ки даргирии шадиде байни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон дар Ҳилманди Афғонистон идома дорад ва огоҳони сиёсии Афғонистон бар ин боваранд, ки ҷангҳои кунунӣ бар раванди сулҳ дар Қатар  асари манфӣ хоҳад гузошт .
Нишасти байни афғонҳо дар Дуҳа як моҳи пеш бо ҳузури намояндагони кишварҳои минтақа  ва ҷаҳон оғоз шуд, аммо ду тараф ҳанӯз муваффақ нашудаанд бар сари ниҳоисозии дастури кори музокирот тавофуқ кунанд .

Барчасп