Октябр 14, 2020 18:32 Asia/Dushanbe
  • Бо вуҷуди тавофуқи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон ҷанги ду кишвар ҳамчунон идома дорад
    Бо вуҷуди тавофуқи оташбас миёни Арманистон ва Озарбойҷон ҷанги ду кишвар ҳамчунон идома дорад

Дар ҳаждаҳумин рӯз аз ҷанг миёни Озарбойҷон ва Арманистон, давлати Ереван Бокуро ба боз кардани пои аносири хориҷӣ ба минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи хабарии минтақаӣ додситонии низомии Арманистон гуфтааст, ки дар робита бо ҳузури унсурҳои хориҷӣ дар минтақаи баҳсии Қарабоғи Кӯҳӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

Арманистон қаблан иддао карда буд, ки маълумот дар бораи даст доштани зархаридони хориҷӣ дар ҳамлаҳо ба шаҳри Ҳадрут дар наздикии минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки даҳҳо сарбози худро куштааст, дорад.

Дар ҳамин ҳол, полковник Карен Саркисян, директори иҷроияи Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ гуфт, ки дар Хонкандӣ, пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ, миқдори зиёди техника, лавозимоти ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии Исроил ва Туркия кашф шудааст.

Аз сӯи дигар Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев таъкид кардааст, ки амалиёти низомии артиши ин кишвар барои озодсозии қарабоғи Кӯҳистонӣ идома хоҳад ёфт.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин таҳдид кард, ки Боку бо ҳар кишваре, ки истиқлоли Нагорний Карабахро ба расмият бишносад қатъи робита хоҳад кард.

Дар ҳамин робита, Вазорати Дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон зуҳри имрӯз дар баёнияе аз ҳамла ба таҷҳизоти Арманистон хабар дод ва эълом кард,ки дар иқдоми талофиҷӯёна, артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон панҷ танки Т-72, ​​се мушакандоз, системаи дифоъи зиддиҳавоӣ, як тӯпи зиддиҳавоӣ, ду системаи тӯпхона ва чанд мошини зиреҳпӯши Арманистонро нобуд кардааст.

Вазорати дифои Арманистон ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар паёме дар сафҳаи Твиттерии худ аз амалиёт, ки падофанди ҳавоии минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ва сарнагунии як фарванди ҷангандаи "Суху -25" Ҷумҳурии озарбойҷон хабар дод.

Даргириҳои шадид аз ҳудуди 18 рӯзи пеш миёни артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон ва артиши Арманистон дар атрофи минтақаи Қарабоғ оғоз шуд.

Авоили ин ҳафта вузарои умури хориҷаи ду кишвар дар Маскав бар сари оташбас тавофуқ карданд, аммо ин тавофуқ ҳатто як соат ҳам давом наёвард.

Барчасп