Афзоиши мизони фақр дар Афғонистон
Мизони фақр дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, мизони фақр дар Афғонистон бар асари ҳамагирии вируси корона 72 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 15 миллион афғонистонӣ аз назари иқтисодӣ осебпазир ҳастанд.
Пештар Бонки Ҷаҳонӣ 380 миллион доллар ба Афғонистон барои муқобила бо вируси корона ихтисос дод.
Пеш аз ин идораи омори Афғонистон ду соли пеш эълом карда буд, 54,5 дарсади ҷамъияти ин кишвар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд.
Вазорати беҳдошти Афғонистон дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, то кунун беш аз 40 ҳазор дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод як ҳазору 481 нафар фавт кардаанд.
Аммо манобеи ғайрирасмӣ шумори беморони коронаиро дар Афғонистон чанд баробари омори расмӣ медонанд.