Октябр 17, 2020 18:48 Asia/Dushanbe

Дар ҳамлаи мушакии Арманистон ба шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон 13 ғайринизомӣ кушта ва 48 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, додситоне, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: "Ағлаби куштаҳо ва маҷрӯҳони ҳамлаи Арманистон ба шаҳри Ганҷа занон ва кӯдакон ҳастанд."

Пеш аз ин ҳам дар ҳамлаи мушакии Арманистон ба манотиқи маскунии Ганҷа 5 ғайринизомӣ кушта ва 28 нафар, аз ҷумла чанд кӯдак захмӣ шуда буданд.

Ганҷа дувумин шаҳри бузурги Ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Таниш миёни Боку ва Ереван бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ боло гирифта ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон мавозеъи якдигарро ҳадаф қарор медиҳанд, ки то кунун дар ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ду тараф кушта ва захмӣ шудаанд.

 

  • бештар бихонед

Даргирии Қафқоз, мушакборони Ганҷа ва ёде аз Низомии Ганҷавӣ

 

Барчасп