Иддаои аҷиби Арманистон дар ҳамла ба шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон
Арманистон дар иддаое аҷиб ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва куштори ғайринизомиёнро такзиб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз манобеи арманӣ, Вазорати дифои Арманистон дар баёнияе эълом кард ҳечгуна ҳамлаи мушакӣ ба манотиқи маскунӣ дар шаҳри Ганҷа анҷом нашудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи шанбе бо интишори тасовир ва асноде эълом кард дар ҳамлаи артиши Арманистон ба шаҳри Ганҷа, 13 ғайринизомӣ кушта ва 48 нафари дигар захмӣ шуданд.
Боку ин ҳамларо ҷинояти зиддибашарӣ хонд ва хостори вокуниши байналмиллалӣ алайҳи иқдомоти Йереван шуд.
Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз ҳамла ба Ганҷа гуфт: Боку интиқоми ин ҷиноятро на бо куштори ғайринизомиён, ки дар ҷабҳаи ҷанг аз Арманистон мегирад.
Дар ҳоле, ки пас аз тавофуқи оташбас бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ миёни Йереван ва Боку даргириҳо байни ду тараф идома дорад, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.
Бештар бихонед: