Тозатарин пешгӯии коҳини амрикоӣ дар бораи замони поёни дунё
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58499-Тозатарин_пешгӯии_коҳини_амрикоӣ_дар_бораи_замони_поёни_дунё
Як коҳини амрикоӣ дар изҳороти аҷиб иддао кард, ки худованд натиҷаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр ва замони поёни дунёро ба ӯ илҳом кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Дунё панҷ соли дигар ба поён мерасад
    Дунё панҷ соли дигар ба поён мерасад

Як коҳини амрикоӣ дар изҳороти аҷиб иддао кард, ки худованд натиҷаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябр ва замони поёни дунёро ба ӯ илҳом кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Бағдод Ал-Явм, Пат Робертсон коҳини барҷастаи амрикоӣ муддаӣ шуд худованд ба у хабар дода, ки пирӯзи интихоботи отии Амрико, Доналд Трамп аст.

Вай дар айни ҳол дар изҳоротии таблиғотӣ гуфтааст ин бад он маъно нест, ки дар хона бинишинему ба Трамп раъй надиҳем, балки бояд берун биравем ва ҳар коре метавонем анҷом.

Ин коҳини амрикоӣ дар идомаи иддаоҳое  дар бораи поёни дунё низ матраҳ кард ва афзуд: дунё 5 соли дигар ба поён мерасад: аммо поёни дунё бо ҷанги ҳастаӣ нахоҳад буд, балки бо бархурди як ситора ба замин рух хоҳад дод .
Робертсон ҳамчунин пешбинӣ кард пас аз интихоботи ноябр, рухдоде ногувор дар Амрико ва дунё рӯй медиҳад, эътирозоти маданӣ ба авҷ мерасад , чандини сӯиқасд алайҳи Трамп иттифоқ меафтад ва ба режими саҳюнистӣ ҳамла мешавад.

Ин коҳини амрикоӣ агоёни дунёро соли 1982 пешбинӣ карда буд .
 Ӯ ҳамчунин дар китобе бо арчи токунун пешбиниҳои бисёре анҷом дода, аммо токунун ба нудрат пешбиниҳои ӯ муҳаққиқ шудааст.
 Ӯ як бор дар соли 1967 пунвони «Ҳазораи ҷадид » пешбинӣ карда буд дар 29 апрели соли 2007 дунё ба поён мерасад.

бештар бихонед: