Ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи ташдиди густариши куруно
(last modified Sat, 24 Oct 2020 06:57:25 GMT )
Октябр 24, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Аданом: давлатҳо бо тадобири ҷадид аз фавти мубталоён ба куруно ҷилавгирӣ кунанд
    Аданом: давлатҳо бо тадобири ҷадид аз фавти мубталоён ба куруно ҷилавгирӣ кунанд

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз афзоиши мавориди ибтило ба вируси куруно ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории алмонии “DPI”, Тедрос Аданом, дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, бисёре аз кишварҳо дар масири хатар пеш мераванд ва инак дар марҳалаи сахти беморӣ бавижа дар нимкураи шимолӣ қарор дорем ва моҳҳои оянда бисёр сахт хоҳад буд.

Дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз давлатҳо хост, ки ба суръат бо тадобири ҷадид аз фавти мубталоён ба Ковид-19 ҷилавгирӣ кунанд ва монеъи фурӯпошии хадамоти беҳдоштӣ шаванд.

Аданом гуфт, агар давлатҳо вазъи мубталоён ба вируси куруноро ба диққат пайгирӣ ва онҳоро аз дигарон ҷудо кунанд ва барои афроде, ки бо мубталоён иртибот доштаанд, қарантинаи беҳдоштӣ дар пеш гиранд, метавон аз эъмоли муқаррароти манъ рафту омад сарфи назар кард.

Токунӯн шумори мубталоён ба Ковид-19др ҷаҳон ба беш аз 42 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод 31 миллиону 427 ҳазору 20 нафар беҳбуд ёфта ва як миллиону 149 ҳазору 229 нафар ҷон бохтаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Идомаи шуюи вируси Ковид- 19 дар ҷаҳон

Буҳрони куруно ва таъкиди 26 кишвари ҷаҳон бар поёни таҳримҳои Амрико

Мақоми амрикоӣ: ҷаҳон ба шароити пеш аз куруно бар намегардад