Октябр 24, 2020 14:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими колоҳои фаронсавӣ дар эътироз ба суханони ахири Макрон сурат мегирад
    Таҳрими колоҳои фаронсавӣ дар эътироз ба суханони ахири Макрон сурат мегирад

Дар пайи изҳороти ахири раисиҷумҳури Фаронса дар бораи бознашри карикатураҳои иҳонатомез ба Паёмбари ислом(с) ҳаштаги “таҳрими колоҳои фаронсавӣ” дар кишварҳои арабӣ ба тренди аввад табдил шуд.

Ба гузориши шабакаи “TRT”-и Туркия, Макрон ахиран гуфтааст, ки кишвараш карикатураҳои иҳонатомез ба Паёмбари ислом(с)-ро, ки чанде пеш дар маҷалаи фаронсавии “Charlie Hebdo” чоп шуда буд, бори дигар мунташир хоҳад кард.

Тавҳини ду бораи нашрияи фаронсавии “Charlie Hebdo” ба Паёмбар (с)

Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаи таҳрими колоҳои фаронсавиро бо ҳаштаки “таҳрими колоҳои фаронсавӣ” дар канори “Макрон ба Паёмбар(с) иҳонат мекунад” ва “ Паёмбари мо хати қирмизи мост”-ро роҳандози карданд.

Ин маърака, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ шакл гирифтааст, бо ҳадафи осеб задан ба иқтисоди давлати Фаронса сурат мегирад.

Корбарони араб дар “Твиттер” феҳрасте аз колоҳои Фаронса дар бозорҳои кишварҳои арабиро мунташир кардаанд ва хостори таҳрими онон шудаанд.

Ҳамчунин бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасовири “профил”-и худр дар “Твиттер”, “Фейсбук” ва дигар шабакаҳоро ба тасовире аз номи Паёмбар(с) тағйир дода ва бо ин иқдом инзиҷори худро аз ҳаттокии мақомоти фаронсавӣ алайҳи Паёмбар(с) нишон додаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Вокунишҳо ба суханони исломситезонаи Макрон

Карикатура:моҳияти воқеии Шарли Эбдо

Эрон иҳонати “Шарли Эбдо” бо Паёмбар(с)-ро маҳкум кард

 

 

Барчасп