Мунозираи охир миёни Трамп ва Бойден
Дувумин ва охирин мунозираи интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико миёни Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон ва Ҷу Бойден, номзади демократҳо дар шаҳри Нашвили иёлати Теннессӣ баргузор шуд.
Ин мунозира бархилофи мунозираи нахуст, дар оромиши бештаре баргузор шуд ва номзадҳо, камтар, ҳарфҳои якдигарро қатъ карданд. Бо ин ҳол, ҳадди ақали як бор, микрафони Доналд Трамп ба далели тахаттӣ аз қавонин таъин шуда барои сухан гуфтан дар муддат замони муқаррарии ду дақиқаӣ, қатъ шуд.
Посухҳои Трамп ва Бойден ба мавзӯъоти мавриди алоқаи овоздиҳандагони амрикоӣ
Трамп ва Бойден дар ин мунозира ба тайфи васиъе аз мавзӯъоти мавриди алоқаи овоздиҳандагони амрикоӣ посух доданд, ки дар садри он, мавзӯи корона ва паёмадҳои вайронгари иқтисодӣ ва иҷтимоии он буд. Бойден талош кард, амалкарди Трамп дар ин ҳавзаро зери савол бубарад ва интихоботи сеюми ноябрро ба навъе ҳамапурсӣ дар бораи амалкарди чаҳорсолаи давлати Трамп бадал созад.
Дар муқобил, Трамп ба 47 соли собиқаи сиёсатмадории Бойден ҳамла кард ва интихоботи сеюми ноябрро интихобе барои ташхиси мизони ризоятмандии шаҳрвандон аз амалкарди давлатҳои пешин муаррифӣ кунад.
Бо ин ҳол ба назар намерасад ин мунозира, таъсири сарнавиштсозе бар натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дошта бошад. Зеро ҳамзамон бо рӯёрӯии Трамп ва Бойден дар Нашвил, эълом шуд, ки мизони ширкаткунандагон дар интихоботи зудҳангом аз адади 50 миллион тан низ гузаштааст. Аз онҷо, ки пешбинӣ мешавад мизони мушорикат дар интихоботи 2020 ба ҳудуди 160 миллион тан бирасад, яъне ҳудуди як сеюми овоздиҳандагони амрикоӣ пеш аз баргузории мунозира, тасмими худро гирифта буданд. Ҳамчунин баровардҳо ҳикоят аз он дорад, ки дар муқоиса бо интихобот дар давраҳои пешин, ин бор овозҳои хокистарӣ ва мураддад андак аст ва ситодҳои интихоботии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо шонси зиёде барои афзудан ба ҳомиёни худ надоранд.
10 рӯз то баргузории интихоботи Амрико
Албата ҳануз то рӯзи поёни овозгириҳо яъне сеюми ноябр, ҳудуди 10 рӯзи дигар боқӣ аст. Таи ин рӯзҳо чи басо иттифоқоти ғайри мунтазира ё ифшогариҳои такондиҳандае рух диҳад, ки бар сарнавишти интихобот таъсир бигузорад. Дар рӯзҳои ахир, ситодҳои интихоботии ду рақиб, талошҳои худро барои дастрасӣ ба иттилооти муҳим ба манзури ифшогариҳои таъсиргузор ба авҷ расондаанд. Демократҳо ҳамчунон дар паи дастрасӣ ба иттилооти маҳрамонаи молии Трамп аз ҷумла фирор аз андоз ва ҳисобҳои бонкии вай дар дигар кишварҳо назири Чин ҳастанд то хилофкории раиси ҷумҳури Амрикоро собит кунанд. Дар ҳоле, ки тамаркузи ҷумҳурихоҳон бар мавзӯи фасоди молии хонаводаи Бойден дар иртибот бо фаъолиятҳои молӣ дар Украина ё ҳатто Чин қарор дорад .
Ҳар кадом аз ин ифшогариҳо, латмаҳое ба эътибору ҳайсияти номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ворид кардааст. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад аз ин даст иттилоот дар рӯзҳои оянда ҳамчунон дарз дода шавад. Бо ин ҳол, он чи барои ҳашт миллион бемори коронаӣ, хонаводаи 220 ҳазор ҷонбохтаи корона ва даҳҳо миллион қурбонии буҳрони вайронгари иқтисодии Амрико аҳамият дорад, тарҳу барномаи номзадҳо барои хуруҷ аз мушкилоти кунунии ҷомеъа аст ва на даъвоҳои сиёсӣ ва ҳизбӣ дар Вашингтон ва миёни сиёсатмадороне, ки ваъда медиҳанд аммо ба ваъдаҳои худ амал намекунанд.
Ин мавзӯъ бар буҳрони машрӯъият ва коромадии низоми сиёсӣ дар Амрико афзуда ва норизоятиҳоро аз ҳайати ҳокима дар ин кишвар афзоиш додааст то ҷое, ки рӯзномаи Лос-Анҷелес Тоймз чанд рӯз пеш дар мақолае ба қалами ҳайати сармуҳаррири рӯзнома навишт: Бо интихоботи 2020, ояндаи демокрасии Амрико дар хатар аст.
Бештар бихонед:
- Вокуниши расонаҳо ба нахустин мунозираи Трамп ва Бойден
- Гузориши вижа:Нахустин мунозираи интихоботӣ миёни Доналд Трамп ва Ҷу Бойден