Октябр 26, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Сеюмин оташбас миёни Боку ва Ереван субҳи имрӯз муқаррар карда шуд
    Сеюмин оташбас миёни Боку ва Ереван субҳи имрӯз муқаррар карда шуд

Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистонро муттаҳам кард, ки сеюмин оташбаси эъломшуда дар Қарабоғро нақз кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, Вазорати Дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: артиши Арманистони субҳи душанбе бо тӯпхонаи мавозиъи низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳадаф қарор дод ва оташбасе, ки барои сеюмин бор эълом шуда буд нақз кард.

Давлати Арманистон то кунун ҳеч гуна изҳори назаре дар ин замина накардааст.

Боку ва Ереван аз субҳи имрӯз бо дархост Трамп дар бораи оташбас бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба тавофуқ расиданд, аммо ин оташбас дар камтарин замон нақз шуд.

Муноқишаи Қарабоғ

Даври ҷадиди даргириҳо миёни низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари муноқишаи Қарабоғ аз моҳи пеш оғоз ва то кунун се бор ба тавофуқи оташбас мунҷар шудааст, аммо ҳар бор ду тарафи якдигарро ба ҳамалоту нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Муноқишаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии  низомӣ табдил шуд, ки дар натиҷаи он минтақаи Қарабоғ ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он ба назорати нерӯҳои Арманистон даромад.

 
Бештар бихонед:

Барчасп