Ифшои расовоиҳои ахлоқии дигар аз Трамп
Ду зан аз як расвоии ахлоқии дигари Доналд Трамп-номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар, парда бардоштанд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, яке аз ин ду зан рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Трамп ҳудуди 30 сол пеш дар як ҳавопаймо қасд доштааст, ки аз вай суиистифодаи ҷинсӣ кунад.
Зани дигар низ изъон кард, ки Трамп дар соли 2005 дар Ню-Йорк ба таври шармоваре иқдом ба азияту озори вай кардааст.
Ситоди интихоботии Трамп ин иттиҳомотро рад кардааст.
Хабаргузории Спутаник низ фош кард, ки Доналд Трамп дар соли 1997 дар мусобиқаи интихоби духтари шоистаи Амрико, ба таври густохонае вориди рахткани ширкаткунандагон шудааст.
Видеои мунташир шуда марбут ба суханони Трамп дар бораи равобити ҷинсиаш бо занон, мавҷе аз интиқодҳо ва ҳатто маҳкумияти ҷумҳурихоҳонро ба думбол дошт ва шуморе аз ҷумҳурихоҳони барҷаста, хостори канор рафтани ӯ аз рақобатҳои интихоботӣ шуданд.