Ноябр 01, 2020 12:39 Asia/Dushanbe

Мадрасаи қадимӣ, ки бинои таърихӣ дар шаҳри Шанхайи чин ба шумор меравад бо равиши бисёр аҷиб ва бидуни ҳеч гуна осибе ба макони дигаре мунтақил шуд.

Мадрасаи ибтидоӣ бо қидмати 85 сол, ки дар муқобили маркази тиҷорӣ дар ҳоли сохт дар шаҳри Шанхайи Чин қарор дошт, бо истифода аз равише бисёр хориқулъода ба макони дигаре мунтақил шуд.

Муҳандисони чинӣ бо истифода аз абзор ва равише, ки шабеҳ ба роҳ рафтани инсон аст ва «рейли мутаҳаррик» номида шудааст, ин сохтумонро ҷобаҷо карданд.

Коршиносон ва муҳандисон дар ин равиш дар муддати 18 рӯз тавонистанд ин бинои қадимиро 21 дараҷа даври худаш бичархонанд ва 62 метр аз ҷои аслии худ дур кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 Аҷибтарин моҳии дунё, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунад + тасовир

 Эрон ба ривояти осор: достони девҳои аҷибтарини наққошии Эрон

 Обшори шинии аҷиб дар Арабистон+ филм

 Аҷибтарин ҷодаи ҷаҳон: бо моҳиҳо тасодуф накунед!+ филм

 

 

Барчасп