Афзоиши шумори ҷонбохтагони заминларзаи Измири Туркия
Шумори ҷонбохтагони зилзилаи Измири Туркия ба 42 тан афзоиш ёфт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Созмони мудирияти буҳрони Туркия шумори захмиҳои ин заминларзаро то нимашаби гузашта ҳазор нафар эълом кард.
Имдодрасонӣ аз зуҳри дирӯз то посе аз шаб идома дошта ва гузоришҳо ҳокист, ҳамчунон теъдоде аз мардуми ин шаҳри зери оворҳо монда ва шумори зиёде ҳам бехонумон шудаанд.
Охирин видеоҳо аз зилзила дар Туркия
Барқ дар манотиқ зилзилазада ҳамчунон қатъ ва бештари манотиқ холӣ аз сакана аст ва хонаҳои осебдида аз заминларза, ки тахриб нашуданд, қобили сукӯнат нест.
Заминларзаи Измир токунӯн 389 пас ларза доштааст.
Заминларзае ба қудрати 7 балл ҷумъа соати 12 ба вақти Гринвич дар баҳри Эгей дар ҷануби ғарбии Измир рӯй дод ва дар шаҳрҳои Истанбул ва Афинаи пойтахти Юнон ҳам эҳсос шуд.
Ин заминларза як тсунамии кӯчак ҳам эҷод кард, ки мӯҷиби обгирифтагӣ дар хиёбонҳои шаҳри Seferihisar дар ҳаволии конӯни зилзила шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Эҳдоси се пойгоҳи зилзилашиносӣ дар Тоҷикистон
Бориши ҳайратангези тагарг дар Туркия + филм
Бориши пӯл аз осмон дар Туркия+филм