Таблиғоти аҷиби Обама барои раёсатҷумҳурии Бойден+ филм
(last modified Sun, 01 Nov 2020 10:31:33 GMT )
Ноябр 01, 2020 15:31 Asia/Dushanbe

Барак Обама барои ҳимоят аз Бойден шахсан бо шаҳрвандони Амрико тамоси телефонӣ барқарор карда ва аз онҳо мехоҳад то ба Бойден раъй диҳанд.

Ба гузориши Спутник, Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида барои ҳимоят аз Ҷо Бойден дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар иқдоме дур аз интизор шахсан бо афрод тамос мегирад ва зимни ёдоварии замони интихобот аз онҳо мехоҳад ба Бойден ва Камала раъй диҳанд.​

Вай филме аз тамоси телефонии худ бо як шаҳрванди Амрикоро дар “Твиттер”-аш ба иштирок гузоштааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида дар сеюми ноябри 2020 баргузор хоҳад шуд ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба рақобат бо Ҷо Бойден рақиби аслии худ аз Ҳизби демокрот хоҳад пардохт.

  

БЕШТАР БИХОНЕД:

Ҳимояти дубораи Обама аз пирӯзии Ҷо Бойден дар интихоботи Амрико

Дуэли охир: дар мунозираи поёнии Бойден ва Трамп чӣ гузашт?

Вокуниши Обама ба кушта шудани шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ