Ноябр 03, 2020 17:50 Asia/Dushanbe

Бо боз шудани ҳавзаҳои раъйгирӣ дар иёлати Вермонт, интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико ба таври расмӣ оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар интихоботи имрӯз, сешанбе, сеюми ноябр, илова бар интихоби раиси ҷумҳурии чаҳор соли ояндаи Амрико, таклифи 435 курсии маҷлиси намояндагон ва 35 курсӣ аз 100 курсии сенат мушаххас хоҳад шуд.

Бо оғози интихобот Вашингтон шоҳиди тадобири амниятии бесобиқае дар ҳифозат аз Кохи Сафед аст ва давр то даври Кохи Сафед девор кашидаанд.

Бар асоси натоиҷи назарсанҷиҳо, Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ дар муқоиса бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии феълии Амрико пештоз аст.

Ҳимояти дубораи Абама аз пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи Амрико

 

Замони эъломи натоиҷи интихоботи Амрико

Раъйгирӣ як рӯз тӯл хоҳад кашид ва шумориши оро фардо, чаҳоршанбе оғоз хоҳад шуд. Ҳарчанд бо тавваҷуҳ ба боло будани орои электронӣ ва эҳтимоли даргириҳои хиёбонӣ, ба назар мерасад натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бо таъхир эълом шавад.

Пештар дар раъйгирии зудҳангом, ки ҳафтаҳо дар Амрико дар ҷараён буд, 96 миллион нафар ширкат карданд, ки муодили 70 дарсади кулли ширкаткунандагон дар интихоботи соли 2016 Амрико аст.

Бо ин ҳол аз 96 миллион раъйи зудҳангом 60 миллионро орои электронӣ ва пустӣ ташкил медиҳанд, ки ҳудуди ду баробари теъдоди орои пустӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии гузаштаи 2016 Амрико аст.

Ин интихобот дар шароите баргузор мешавад, ки тарсу нигаронӣ аз афзоиши ноамниҳо пас аз интихобот ба шиддат афзоиш ёфтааст.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп