Иддаои Арманистон: Ҷумҳурии Озарбойҷон аз бомби хушаӣ истифода мекунад
Вазорати ҳаводиси ғайримутарақибаи Арманистон эълом кард, Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷанги Қарабоғ аз бомбҳои хушаии сузанда истифода мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Вазорати ҳаводиси ғайримутарақибаи Арманистон эълом кард, Ҷумҳурии Озарбойҷон аз бомбҳои хушаӣ ба тӯли 40 сантиметр алайҳи ғайринизомиён истифода мекунад.
Бино бар эъломи Вазорати ҳаводиси ғайримутарақибаи Арманистон бар асоси таъаҳҳудоти байналмиллалӣ истифода аз ин силоҳ, ки барои куштори ҷамъӣ ва оташсӯзӣ истифода мешавад мамнӯъ аст.
Мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон токунун вокунише ба ин иддао нишон надодаанд.
Пеш аз ин низ Созмони афви байналмиллал, Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба истифода аз бомбҳои хушаӣ дар ҷанги ахир бо Арманистон муттаҳам карда буд, ки раиси ҷумҳури Озарбойҷон онро рад кард.
Муноқишаи миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, ки дар натиҷаи он, Қрабоғ ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он ба контроли нерӯҳои Арманистон даромад.
Бештар бихонед: