Ноябр 04, 2020 19:24 Asia/Dushanbe
  • Твиттер ва Фейсбук даъвоҳои барвақти Трамп дар бораи натиҷаҳои интихоботро гумроҳкунанда номиданд
    Твиттер ва Фейсбук даъвоҳои барвақти Трамп дар бораи натиҷаҳои интихоботро гумроҳкунанда номиданд

Шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ва Фейсбук дар иқдоми фаврӣ ба корбарон дар бораи паёме, ки Раиси ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп мунташир кардааст ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ҳил, шабакаи иҷтимоии Твиттер бо қарор додани барчасб бар паёми Твиттерии Доналд Трамп, ки иддао карда пирӯзии бузурге дар интихобот дар роҳ аст ба корбарон ҳушдор дод, ки бахше аз ин паём ё ҳамаи ин муҳтавои ба иштирок гузошта шуда дар ин шабакаи иҷтимоӣ баҳсангез ва дар бораи интихобот ё дигари равандҳои иҷтимоӣ гумроҳ кунандааст.

Бахши амнияти Твиттер низ эълом кард, ки ин паём иддаои гумроҳкунандае дар бораи интихоботро матраҳ кардааст.

Ҳамчунин шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва бо замима кардани барчаспе, ки барои теъдоде аз постҳои қаблии Трамп низ сурат гирифта, корбаронро ба бахше ҳидоят кардааст, ки иттилооти дақиқиро дар бораи интихоботи Амрико ироа медиҳад.

Трамп ҳамчунин дар Твиттер муддаӣ шудааст, ки Демократҳои Амрико талош мекунанд то интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба сирқати бибаранд.

Ин иддаои Трамп дар ҳоле матраҳ шуда, ки Ҷо Бойден номзади Демократҳои Амрико дар овоздиҳии электрол пештоз аст.

Бинобарин охирин омори натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико ва то ин лаҳза «Ҷо Байден» бо 238 раъйи электрол дар баробари 213 раъйи электрол Трамп пешгом аст.


 
 Бештар бихонед :

 

Барчасп