Ҳушдори мақомҳои амрикоӣ дар бораи паёмадҳои дер эълом шудани натиҷаи интихобот
(last modified Thu, 05 Nov 2020 08:21:52 GMT )
Ноябр 05, 2020 13:21 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти ИМА аз оқибатҳои таъхири эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 2020 ҳушдор медиҳанд
    Мақомоти ИМА аз оқибатҳои таъхири эълони натиҷаҳои ниҳоии интихоботи 2020 ҳушдор медиҳанд

Мақомҳои Амрико дар бораи паёмадҳои таъхир дар эъломи натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бисёре аз мақомҳои амрикоӣ ва федералии  Амрико ҳушдор додаанд, ки номуайянӣ дар бораи сарнавишти пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020, таъхир дар шумориши овозҳо ва даъвои бармаҳали Доналд Трамп дар бораи пирӯзӣ метавонад боиси паҳн шудани маълумоти бардурӯғ шавад ва паёмадҳое ба думбол дошта бошад.

 Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе бо вуҷуди мушаххас набудани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико муддаии пирӯзӣ дар ин интихобот шуд ва Демократҳоро ба талош барои дуздидани  раъйҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол корзори интихоботии Трамп муддаӣ шуд, ки ба мақомоти интихоботии ҷумҳурихоҳӣ иҷозаи назорат бар шумориши раъйҳо дар сандуқҳои иёлати Пенсилвания дода нашудааст.

Бо ин ҳол додгоҳи иёлатии Пенсилвания шикояти корзори Трампро кард.

Охирин натоиҷи интихоботи Амрико

Бар асоси  охирин гузоришҳо,  Ҷо Байден номзади Демукротҳо бо 264 раъйи электрол колеҷ дар муқобили 214 раъйи Трамп, аз ӯ пеш аст.

Дар системаи интихоботии раёсати ҷумҳурии Амрико, раиси ҷумҳурии ин кишварро аъзои «электрол колеҷ»,  ки теъдодашон 538 нафар аст интихоб мекунанд.

Дар ин раванд, ҳар номзади раёсати ҷумҳурӣ барои пирӯзӣ дар интихобот бояд ҳаддиақал 270 раъйи электролро ба даст оварад .

Бештар бихонед: