Оғози даъвои ҳуқуқӣ бар сари интихоботи 2020-и Амрико
Ҳамонгуна, ки интизор мерафт интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2020 ба даъвои ҳуқуқӣ хатм шуд.
Ситоди интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Амрико ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи имсол эълом кард шикоятҳои бисёреро дар эътироз ба шумориши овозҳо дар бархе аз иёлатҳо матраҳ кардааст. Онон муддаӣ ҳастанд, ки мақомоти иёлатӣ масъули баргузории интихобот дар бархе аз иёлатҳо аз ҷумла иёлати сарнавиштсози Пенсилвания, ба нозирони Ҳизби ҷумҳурихоҳ иҷозаи ҳузур пои сандуқҳои овозро намедиҳанд. Доналд Трамп низ дар 24 соъат пас аз поёни овозгириҳо дар рӯзи сеюми ноябр, дар суханрониҳо ва паёмҳои твиттерӣ борҳо аз тақаллубҳои густарда дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ сухан гуфта ва ҳамчунин ошкоро гуфтааст, ки парвандаро ба Дивони олии федералӣ хоҳад кашонд.
Ин эътирозот дар ҳоле шиддат гирифтааст, ки Ҷо Бойден, номзади демократҳо дар остонаи касби ҳадди нисоби 270 овози электрол қарор дорад. Вай то ин марҳила, рекорди бештарин теъдоди овози мардумиро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо ҳаддиақали 70 миллион шикастааст ва пешбинӣ мешавад бо такмили раванди шумориши овозҳо, дар ниҳоят теъдоди лозимро барои вуруд ба Кохи Сафед касб кунад.
Бо ин ҳол ба назар намерасад сокини кунунии Кохи Сафед, ба роҳатӣ калиди онро ба ҷонишини худ таҳвил диҳад. Трамп борҳо гуфтааст, ки ё дар интихобот пирӯз мешавад ё дар интихобот тақаллуб шудааст. Талоши бевақфаи вай барои фиристодани як қозии ба шиддат муҳофизакор ба Дивони олии федерал, дар ин чорчуб арзёбӣ шуда буд. Трамп умедвор аст, ки бо бартарии шаш ба се қозиёни муҳофизакор дар Дивони олии федерал, битавонад ба идомаи ҳузур дар Кохи Сафед ва такия задан бар сандалии раёсатҷумҳурӣ идома диҳад. Ҳамин мавзӯъ то ҳудуде муҷиби оромиш дар Ситоди интихоботии ҷумҳурихоҳон ва ҳаводорони онон дар Амрико шудааст.
Бо ин ҳол вакилони Ситоди интихоботии Трамп барои расидан ба Дивони олии федерал, бояд нахуст дар додгоҳҳои иёлатӣ шикоётро матраҳ дар идома, парвандаро ба Дивони олӣ бикашонанд. Зимни ин ки ба ҳар ҳол, мизони сиҳҳату эътибори ҳуҷҷатҳо ва мадорики тими вакилони Трамп дар исботи тақаллуб ва дасткорӣ дар раванди гирифтан ва шумориши овозҳо, дар аҳкоми содир дар маҳокими қазоӣ, таъсири асосӣ бар ҷой хоҳад гузошт. Зимни ин ки дар моҳҳои ахир, Дивони олии федерал бо вуҷуди бартарии ададии қозиёни муҳофизакор, дар бархе аз парвандаҳо аз ҷумла мавзӯъи дарёфти овозҳои пасте дар иёлати Пенсилвания то се рӯз пас аз рӯзи интихобот, тасмимоте мухолифи хости Трамп ва ҷумҳурихоҳон гирифт. Аз ин рӯ чи басо дар ниҳоят, вуруди Дивони олии федерал ба парвандаи интихоботи 2020 ба нафъи Трамп ба поён нарасад .