Ноябр 07, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
  • Пашиниян: Тарҳи Арманистон мутаносиб бо риояти ҳуқуқи Боку ва Йереван аст
    Пашиниян: Тарҳи Арманистон мутаносиб бо риояти ҳуқуқи Боку ва Йереван аст

Нахуствазири Арманистон аз ироаи пешниҳоди ин кишвар барои дастёбӣ ба сулҳ пас аз даргириҳои ахир бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари Қарабоғ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Арманрадио, Никол Пашиниян ин тарҳи сулҳмеҳварро мутаносиб бо риояти ҳуқуқи ҳар ду кишвар ва ҳамчунин минтақаи Қарабоғ донист.

Ба гуфтаи нахуствазири Арманистон ин пешниҳод ба кишварҳои дигар ҳам ироа шудааст ва чунончи аз тарафи Ҷумҳурии Озарбойҷон пазириш нашавад умеде ба пешбурди музокирот нахоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфта буд музокира бо тарафи арманӣ ҳамчунон, ки дар гузашта бенатиҷа буда имрӯз низ бефоидааст.

Даргириҳои нав байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон 42 рӯз пеш дар 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қурабоғ оғоз ва ба кушта шудани шуморе аз нерӯҳои тарафайн мунҷар шудааст.

Талошҳои гурӯҳи миёнҷии Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ то кунун бенатиҷа будааст.

Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон то кунун таваққуфи даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни Боку ва Йереванро хостор шудаанд.

Бештар бихонед:

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дубора оташбас карданд

 

Барчасп