Равиши аҷиби дуъо кардани кишиши Трамп барои пирӯзии ӯ + филм
Дуъои Паола Вайт, кишиши шахсии Трамп барои пирӯзии ӯ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз видеоҳои пурбоздиди ин рӯзҳои фазои маҷозӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алъолам, видеое аз Паола Вайт- кишиш ва мушовири шахсии Трамп дар ҳоли дуъо кардан дар фазои маҷозӣ мунташир ва сабки аҷиби дуъо кардани ӯ, ки шабеҳи таронаҳои реп, бе вақфа ва пушти сари ҳам калимотро адо ва такрор мекунад сужеи хандаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст.
Ӯ ба таври мудовим такрор мекунад, ки « ман хабари пирӯзӣ шунидайсодам ва ҳамаи пирӯзиҳо барои Трамп аст. Мешунавам садои пирӯзӣ, пирӯзӣ, пирӯзӣ, пирӯзиро . ...»
Бархе корбарон бо дидани наҳваи дуъо кардани ин кишиш гуфтаанд, ки тарафдорони Трамп мисли худи ӯ девона ҳастанд.
Бештар бихонед: