Ноябр 07, 2020 15:26 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Бойден набояд ба иштибоҳ иддао кунад, ки пирӯзи интихобот аст
    Трамп: Бойден набояд ба иштибоҳ иддао кунад, ки пирӯзи интихобот аст

Раиси ҷумҳури Амрико бо ирсоли паёми твиттерӣ ба рақиби демократи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз вай хост то худро пирӯзи интихобот муаррифӣ накунад, зеро «мароҳили қонунӣ тоза оғоз шудааст».

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико бомдоди имрӯз шанбе ба вақти Теҳрон дар саҳифаи Твиттери худ ба Ҷо Бойден- номзади демократҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ паём дод, ки иддаои пирӯзӣ дар интихобот накунад.

Трамп дар твитте навишт: Бойден набояд ба иштибоҳ иддао кунад, ки пирӯзи интихобот шуда, зеро раванди қонунӣ тоза оғоз шудааст!

Раиси ҷумҳури Амрико меафзояд: Ман ҳам метавонам ин иддаоро дошта бошам ва пирӯзии худро эълом кунам, аммо мароҳили қонунӣ тоза оғоз шудааст.

Трамп ёдовар шуд: Дар шаби интихобот бо фосилаи зиёд ва ба сурати густарда пештоз будем, аммо рафта рафта ин пештозӣ ба тарзи аҷибе аз даст рафт ва шояд ин пештозӣ бо раванди қонунӣ эҳё шавад.

Ин паёми твиттерии Трамп ба Ҷо Бойден дар ҳоле мунташир мешавад, ки вай бо 214 овози электрол дар баробари 264 овози Бойден дар остонаи шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико қарор дорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп