Худдории Трамп аз пазириши пирӯзии Байден дар интихоботи Амрико
Доналд Трамп пас аз эъломи пирӯзии Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар баёнияе эълом кард, алайҳи натиҷаи интихобот шикоят мекунад ва ин воқеаро ба додгоҳ мекашад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алҷазира”, раиси ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба гузориши расонаҳои амрикоӣ дар ин баёния таъкид кард: “Ҷо Байден бо тақаллуб ва бидуни мадрак дар эъломи пирӯзӣ дар интихобот шитоб кард”.
Доналд Трамп дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки интихобот ҳанӯз ба поён нарасидааст, муддаӣ шуд, ки Байден бо ҳамроҳии расонаҳои муттаҳидаш худро бо шитоб дар мавқеияти баранда қарор додааст то ҳақиқат ифшо нашавад.
Бар асоси гузориши бисёре аз расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла хабаргузории “Ассошейтед Пресс”, Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ бо 290 раъйи электрол ва шикасти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии феълии Амрико чиҳилу шашумин раиси ҷумҳурии ин кишвар шуд.
Шабакаи телевизионии Си Эн Эн таъкид кард, бо эъломи пирӯзии Байден дар Пенсилвания, Кобуси Трамп ва даврони раёсати ҷумҳурии вай поён ёфт.
Бештар бихонед:
- Тарафдорони Трамп бо силоҳи гарм ба хиёбонҳо рехтанд
- Хатту нишони твиттерии Трамп барои Ҷо Байден
- Сухангӯи Байден: Трампро аз Кохи Сафед ихроҷ мекунем