Итмоми ҷанги "Қара‌боғ" бо таъми шикаст барои Арманистон
(last modified Tue, 10 Nov 2020 05:46:51 GMT )
Ноябр 10, 2020 10:46 Asia/Dushanbe
  • Оташбас ҷадид аз бомдоди рӯзи 10 ноябр ба вақти Маскав иҷро шудааст
    Оташбас ҷадид аз бомдоди рӯзи 10 ноябр ба вақти Маскав иҷро шудааст

Нахуствазири Арманистон душанбешаб аз тавофуқ бо сарони Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои поёни ҷанг дар минтақаи "Қара‌боғ" хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Никол Пашиниян эълом кард: Тавофуқномаеро бо сарони Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои оташбас ва поён додан ба ҷанг дар минтақаи Қарабоғ имзо кардааст.

Никол Пашиниян ин тавофуқномаро дарднок хонда ва гуфтааст: Ин пирӯзӣ нест, аммо то замоне, ки шумо эътироф накунед, ки бохтаед, шикасте дар кор нахоҳад буд. Мо ҳаргиз эътироф намекунем, ки бохтаем ва ин оғози асри ваҳдати миллӣ барои мо хоҳад буд.

Оташбаси ҷадид аз бомдоди рӯзи сешанбе (10 ноябр) ба вақти Маскав вориди марҳилаи иҷро шудааст.

Муҳимтарин бахшҳои тавофуқи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон

Бар асоси ин тавофуқ Арманистон мутаъаҳҳид шудааст 15 ноябр шаҳристони Калабҷар, 20 ноябр шаҳристони Оқдом ва  аввали декабр шаҳристони Лочинро ба Ҷумҳурии Озарбойҷон пас диҳад.

Се шаҳристони муҳим аз ишғоли Арманистон озод мешавад

Дар хати муқаддами ҷабҳа дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар имтидоди ҷодаи Лочин дар Қарабоғ ҳазору 960 низомӣ, 90 мошини зиреҳпӯш ва 380 худрави низомӣ аз нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия ба муддати 5 сол мустақар мешавад.

Ҳамчунин асирони ҷангӣ ва дигар боздоштшудагон ва аҷсоди афроди кушташуда мубодила хоҳанд шуд.

Алиев: Ба ин пирӯзӣ ифтихор мекунам

Аз сӯи дигар, Илҳом Алиев- раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар нутқе телевизионӣ имрӯзро рӯзе таърихӣ барои мардуми Озарбойҷон донист ва гуфт, ки ба ин пирӯзӣ ифтихор мекунад.

Алиев: Имрӯз рӯзе таърихӣ барои мардуми Озарбойҷон аст

Алиев афзуд: Туркия ва Русия фаъолиятҳои ҳифозат аз сулҳ дар Қарабоғро ба сурати муштарак бар уҳда хоҳанд гирифт.

Алиев бо баёни ин ки ин тавофуқ ба нафъи Боку ва Йереван аст афзуд: Имзои тавофуқномаи сулҳ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дастоварде муҳим барои Боку аст.

Оғози эътирозот дар Арманистон

Ҳамзамон расонаҳои Арманистон аз шаклгирии тазоҳурот дар баробари сохтмони нахуствазирии ин кишвар хабар медиҳанд.

Муътаризон зимни мухолифат бо тавофуқи оташбас, истеъфои Никол Пашиниян- нахуствазири Арманистонро хостор шуданд.

Даргириҳо байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе 27 сентябр аз сар гирифта ва боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шуд.

Муноқиша миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1992 ба даргирии низомӣ кашид, ки дар натиҷаи ин муноқиша минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он таҳти ишғоли неруҳои Арманистон даромад.

Бештар бихонед: