Ноябр 10, 2020 11:31 Asia/Dushanbe

Ба тозагии филме аз пешбинии интихоби Бойден дар мутфилми Симпсонҳо мунташир шуда, ки сару садои зиёде дар фазои маҷозӣ ба по кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз эъломи пирӯзии Ҷо Бойден ва шикасти Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, нақшаи овозҳои  электроли иёлатҳои мухталифи ин кишвар бисёр хабарсоз шуд .

Ба тозагӣ низ бархе корбарон бо интишори филме аз мутфилми Симпсонҳо муддаӣ шуданд, ки ин мутфилм дар соли 2013 натоиҷи интихоботи ояндаро пешбинӣ карда буд .

Аммо нуктаи қобили тавваҷуҳи ин аст, ки дар бисёре аз давраҳо овозҳои электроли иёлатҳо тафовути чандоне бо якдигар надорад .

Пеш аз ин низ ва дар замони ибтилои Трамп ба корона, овозае дар фазои маҷозӣ мабнӣ бар пешбинии марги Трамп бар асари беморӣ дар мутфилми Симпсонҳо мунташир шуд, аммо баррасиҳо нишон дод, ки ин тасвир дар ҳеч эпизоде аз Симпсонҳо истифода нашуда ва комилан сохтагӣ аст.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп