Эътирофи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сарнагунии болгарди русӣ
Ҷумҳурии Озарбойҷон душанбешаб бо эътироф ба сарнагун кардани болгарди Русия дар осмони Арманистон аз Маскав ба хотири ин ҳодиса узрхоҳӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баёнияе эълом кард: Тирпаронӣ ба самти болгарди русӣ тасодуфан будааст.
Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин аз омодагии Боку барои пардохти ғаромат бобати сарнагун кардани болгарди Русия хабар дод.
Бар асоси эъломи Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, болгарди русӣ дар наздикии марзҳои Арманистон- Ҷумҳурии Озарбойҷон парвоз мекард.
Душанбешаб як фарванд болгарди « Mi-24 »-и Русия дар осмони Арманистон сарнагун шуд.
Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард: Ин болгард бо оташи падофанди замин ба ҳаво сарнагун шуд ва ҳар ду сарнишини он кушта шуданд.
Бештар бихонед: