Май 25, 2024 12:59 Asia/Dushanbe
  • Гузориши Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи ҳодисаи суқути болгарди раисҷумҳур Раисӣ

Нахустин гузориши ҳайати олии баррасии паҳлуҳо ва сабабҳои сониҳа болгард(чархбол)и ҳомили раисҷмҳури Эрон мунташир шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати олии баррасии паҳлуҳо ва сабабҳои сониҳа болгард(чархбол)и ҳомили раисҷмҳури Эрон гузоришеро мунташир кард, ки дар ин гузориш ба бархе мавориди муҳимм дар ин сониҳа ишора шуда ва изҳори назари қатъӣ дар ин бораро ба далили инки дар дасти баррасӣ буда ва ба замони бештаре ниёзд дорад, ба замони дигаре вогузор кардааст.

 Бархе аз мавориди ишорашуда дар гузориш ба шарҳи зер аст:

  1-Болгард дар масири пешбинишуда аз қабл идомаи масир дода ва аз масири таъйиншудаи парвоз хориҷ нагардидааст.

  2-Ҳудуди яку ним дақиқа қабл аз сониҳаи болгард, халабони болгарди сониҳадида бо ду болгарди дигари гурӯҳи парвозӣ иртибот барқарор намудааст.

 3- Осори бархурди гулӯла ва ё мавориди мушобеҳи он дар аҷзои боқимондаи болгарди сониҳадида мушоҳида нигардидааст.

 4- Болгарди сониҳадида пас аз бархурд бо иртифоъ(баландӣ), дучори оташсӯзӣ шудааст.

 5-Ба далели печидагии минтақа, меҳгирифтагӣ(туман) ва дараҷаи ҳарорати поин, амалиёти таҷассус ба шаб кашида шуда ва дар тӯли шаб низ идома меёбад ва дар бомдоди субҳи рӯзи душанбе (соати 5 субҳ) бо кумаки парандаҳои бидуни сарнишини (эронӣ) нуқтаи дақиқи маҳалли сониҳа мушаххас ва неруҳои заминии амалиёти таҷассус дар он нуқта ҳузур пайдо мекунанд.

  6-Дар муколимоти бурҷи муроқибат бо гурӯҳи парвозӣ низ мавриди машкук мушоҳида нигардидааст.

 Дар поён ёдоварӣ мешавад бахши қобили таваҷҷуҳе аз аснод ва мадорики муртабит бо сониҳаи болгарди ёдшуда ҷамъоварӣ шудааст ва барои баррасии бархе аз қатаот ва аснод, ниёз ба замони бештаре мебошад, ки пас аз итқонсанҷӣ ва кори тахассусӣ ва коршиносии дақиқтар дар иттилоияҳои баъдӣ ба самъ ва назари миллати шариф ва инқилобии Эрон хоҳад расид; Лизо тақозо дорад ба изҳори назарҳои ғайрикоршиносӣ, ки бар асоси гумоназаниҳои бидуни иттилоъи дақиқ аз воқеиёти саҳна ва ё баъзан бо ҳидояти расонаҳои бегона дар фазои маҷозӣ ва ... мунташир мегардад таваҷҷуҳ нашавад.»

 

 

Барчасп