Ноябр 10, 2020 12:51 Asia/Dushanbe
  • Мавқеи зиддиисломии мақомоти Фаронса хашми мусулмонони ҷаҳонро ба бор овард
    Мавқеи зиддиисломии мақомоти Фаронса хашми мусулмонони ҷаҳонро ба бор овард

Мавқеи зиддиисломии мақомоти Фаронса хашми мусулмонони ҷаҳонро ба дараҷае барангехтааст, ки бисёре аз кишварҳои мусулмони ҷаҳон на танҳо онро маҳкум кардаанд, балки хашми худро бо роҳандозии ҳаракат барои манъи молҳои фаронсавӣ баён карданд, то ин ки мақомоти Фаронса на танҳо аз мавқеи зиддиисломии худ ақибнишинӣ кунанд, балки ба назар чунин мерасанд, ки онро ором кунанд, чунон ки вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан гуфтааст: "Ӯ ба ислом эҳтироми бузург ва амиқ дорад."

Жан-Ив Ле Дриан, ки бо ҳадафи ором кардани бӯҳрони ноши аз интишори карикатураҳои таҳқиромез ба Паёмбари гиромӣ (с) ба Миср сафар кардааст, дар дидор бо мақомоти Миср бо эҳтироми амиқи худ нисбат ба ислом таъкид кард ва гуфт: "Он чиро ки мо бо он меҷангем терроризм аст, терроризм дар воқеъ рибояш дин аст, ин ифротгароӣ аст.

Сафари вазири умури хориҷаи Фаронса ба Миср дар ҳоле аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир интишори карикатураҳои таҳқиромез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с) дар нашрияи фаронсавии "Шарли Эбдо" ва пас аз он, ҳимояти раиси ҷумҳурии ин кишвар Эммануэл Макрон аз ин иқдоми исломситезона ба баҳонаи озодии баён хашми мусулмонони ҷаҳонро барангехтааст; ба тавре, ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ парчами Фаронса ва тасовири Макрон оташ зада шуда ё муқобили сафорати ин кишвар, таҷаммуоте баргузор шуд ва мусулмонон хостори узрхоҳии расмии мақомоти фаронсавӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол; молҳои фаронсавӣ низ дар бисёре аз кишварҳои исломӣ таҳрим шудаанд.

Нависандаи фаронсавӣ Мурод Биал дар ин замина гуфт: "Суханон ва мавозеъи ахири Эммануэл Макрон алайҳи дини ислом иштибоҳи дағалона ва бузург буд, ки товонашро бегуноҳон доданд. Суханони Макрон сабаби зиёни иқтисодӣ барои Фаронса шуд, чунки бархе хариди молҳои Фаронсаро таҳрим карданд.

 

 Раиси Ҷумҳурии Фаронса тайи ҳафтаҳои ахир озодии баён ва озодии ақидаро дастмояи дифоъ аз ҳамла ба ислом қарор дода ва мудаии вуҷуди озодӣ дар ин кишвар шудааст.

Демократия бо стандартҳои дугона

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳе аз муттафакирон ва андешамандони байналмилалӣ дар баёнияе хитоб ба тамоми мардуми ҷаҳон, махсусан мардуми Фаронса таъкид карданд, ки демократия бо стандартҳои дугонаи зӯроварӣ нисбати як аҳолӣ ва таҳаммулпазирӣ ба аҳолии дигар созгор нест.

Дар ин ҳол баёнияи тасреҳшуда Фаронса қонунҳо дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла мубориза бо нажодпарастӣ, бадбинӣ ва табъизро қабул кардааст, ки барои маҳкумияти тавҳин ба муқаддасот заминаи мустаҳкам мебошад.

Кишварҳои исломӣ дар мавзеъгириҳои худ мавҷе аз хашму нафратро нисбат ба амалкарди мақомоти Фаронса изҳор доштаанд. Аз назари мусулмонон чунин мавзеъгирӣ фурсатро дар ихтиёри гурӯҳҳои ифротӣ қарор додааст, то бо истифода аз номи ислом ифротигариро доман зада ва шароитро барои зиндагии мусулмонон сахт кунанд.

Дар ин вазъ, мақомоти Фаронса талош мекунанд, ки бо изҳори ақидаҳои зиддунақиз хашми ҷаҳони исломро фурӯ нишонанд ва онҳо аз таҳрими (эмбаргои) молҳои фаронсавӣ аз ҷониби мусалмонон дар чунин бӯҳрони иқтисодӣ, ки ба иқтисоди Фаронса зарбаи шадид хоҳад зад, нигарон ҳастанд.

 Ба рағми талоши мақомоти Фаронса ба назар намерасад ҷаҳони ислом чунин мавзеъгириҳоеро бахшида ё фаромӯш кунад.

Бештар бихонед:

Барчасп