Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: Ваксинаи Pfizer эпидемияи коронавирусро тағир медиҳад
(last modified Tue, 10 Nov 2020 10:51:33 GMT )
Ноябр 10, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Pfizer натиҷаҳои умедбахшро аз озмоиши ваксинаи корона сабт кард
    Ширкати Pfizer натиҷаҳои умедбахшро аз озмоиши ваксинаи корона сабт кард

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ваксинаи тавлидшуда дар ширкати амрикоии Pfizer -ро таъйид ва эълом кард ваксинаи ин ширкат мумкин аст вазъи ҳамагирии вируси коронаро то марти 2021 тағир диҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Sky News Arabic, ин созмон озмоишҳои ваксинаи корониии ширкати  Пфизерро хеле мусбат хонда ва афзудааст: "Шояд то моҳи марти соли 2021 ваксинаи корона дар байни қишрҳои осебпазири ҷаҳон ва тамоюли эпидемияи ин вирус тақсим карда шавад ва раванди ҳамагирии ин вирусро ба таври асосӣ тағир диҳад."  

Ин дастовар пирӯзии бузург дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 дар ҷаҳон аст, ки то кунун беш аз як миллион нафарро ба коми марг кашонда, иқтисоди ҷаҳонро зеру рӯ карда ва зиндагии башарро таҳти таъсир қарор додааст.

Ваксинаи  Pfizer беш аз 90 дар сад короӣ дорад

Ширкати дорусозии Амрико Pfizer ва бузургтарин ширкати дорусозии ҷаҳон низ эълон карданд, ки натиҷаҳои пешакии марҳилаи сеюми озмоиши ваксинаи корона нишон медиҳанд, ки ваксина беш аз 90% самаранок аст.

Ҳеҷ аворизи қобили таваҷҷӯҳе дар озмоишҳои ваксинаи Пфизер мушоҳида нашудааст

Ширкати Pfizer, дар ҳамкорӣ бо шарики олмонии худ Bion Tech, яке аз аввалин ширкатҳои дорусозии ҷаҳон мебошад, ки натиҷаҳои умедбахши озмоишҳои васеи ваксинаи коронаро ба қайд гирифтааст.

Ин ду ширкат гуфтанд, ки дар мавриди эмгузаронӣ ҳеҷ нигаронии ҷиддие вуҷуд надорад, зеро дар озмоишҳо ягон таъсири манфии ҷиддӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Бо ин ҳол теъдоди ин ваксина дар шароити кунунӣ бисёр маҳдуд аст ва наметавон ба сурати густарда онро дар бозор тавзеъ кард.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт баъд аз эъломи муваффақияти ширкати Pfizer аз поён ёфтани мароҳили болинии 42 ваксинаи дигари корона то охирҳои моҳи ноябр хабар дод.

Тавзеъи ваксинаи корона бо авлавияти гурӯҳҳои хос

Аз сӯи дигар, Сомайе Сваминатан, як масъули баландпояи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт: "Ҷавонони солим, ки ягон бемории заминавӣ надоранд, эҳтимолан то 2022 интизор шаванд, то ваксинаи коронаро бигиранд, зеро мақомоти тандурустии кишварҳо аввал ба эмкунии кормандони шуъба, афроди мӯҳсин ва гурӯҳҳои осебпазир тамаркуз мекунанд." 

 

Бештар бихонед: