Нахуствазири Арманистон: Чорае надоштем
Ноябр 10, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Арманистон пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ бо раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Русия гуфт: «Чораи дигаре ба ҷуз имзои тавофуқи сулҳ надоштем”.
Никол Пашинян рӯзи сешанбе ҳамчунин гуфт, манобеи инсонӣ ва таҷҳизоти низомии мо бисёр маҳдуд буд.
Вай афзуд: "Агар ҷангро идома медодем, талафотамон бештар мешуд ва кулли Қарабоғро ҳам аз даст медодем".
Пас аз ин изҳороти Пашинян, арманиҳои хашмгин бо ҳуҷум ба сохтмони порлумон ва давлати ин кишвар, амволи давлатиро тахриб карданд ва раиси Маҷлиси миллии Арманистонро низ кутак заданд.
Бештар бихонед:
- Ҳамла ба дафтари нахуствазири Арманистон дар Ереван
- Поён ёфтани ҷанги Қарабоғ бо таъми шикаст барои Арманистон
Барчасп