Ас-Сисӣ: Терроризм ба дин ҳеҷ иртибот надорад
-
Раиси Ҷумҳурии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ тавҳин ба Паёмбари ислом (с)-ро маҳкум кард
Раиси ҷумҳурии Миср бори дигар тавҳин ба Паёмбари гиромии ислом (с)-ро маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Раиси ҷумҳурии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ дар мулоқот бо сарвазири Юнон дар Афина рӯзи чаҳоршанбе таҳқири Паёмбари гиромии Ислом (с) -ро маҳкум кард ва афзуд: "Терроризм як падидаи ҷаҳонӣ аст ва ин ба дин ҳеҷ рабте надорад."
Раиси ҷумҳурии Миср пештар низ дар гуфтугӯ бо Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии хкд таъкид карда буд, ки бояд байни дини ислом ва терроризм тафовут қоил шуд.
Исломситезии Макрон
Пас аз интишори карикатураҳои таҳқиромез ба паёмбари ислом дар нашрияи Шарли Эбдо ва вокуниши шадиди мусулмонони саросари ҷаҳон ба он, Макрон таъкид кард Фаронса ҳамчунон ба интишори он карикатураҳо идома хоҳад дод.
Ҳамчунин ба думболи қатли як муаллими фаронсавӣ, ки ба шогирдонаш карикатураҳои таҳқиромезро нишон дода буд ба дасти як фарди мусулмон, Раиси ҷумҳурии Фаронса ҳамаи мусулмононро масъули қатли ӯ муаррифӣ кард ва муддаӣ шуд мусулмонон қасди нобудии Фаронсаро доранд.
Изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳо ва маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳо ва шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд, ба тавре, ки вай ночор ба ақибнишинӣ аз суханони худ шуд.
Бештар бихонед: