Ноябр 12, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Покистон аз пайгирии ҳуқуқӣ алайҳи таҳқири нашрияи Шарли Эбдо
    Ҳимояти Покистон аз пайгирии ҳуқуқӣ алайҳи таҳқири нашрияи Шарли Эбдо

Вазири умури мазҳабии Покистон гуфт, ин кишвар аз пайгирии ҳуқуқӣ алайҳи иқдоми таҳқири нашрияи фаронсавии шарли Эбдо ва рӯйкарди давлати Париж дар додгоҳҳои байналмилалӣ ҳимоят хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз баёнияи Вазорати умури мазҳабии Покистон, "Пир Нурулҳақ Қадирӣ", вазири умури мазҳабии ин кишвар дар дидори сафири Миср дар Покистон  «Ториқ Доруг» изҳор дошт : Исломобод аз корзори ҳуқуқӣ алайҳи Шарли Эбдо дар маҷомеъи қазоии байналмилалии Қуё ҳимоят мекунад .

Вай афзуд «Имронхон » нахуствазири Покистон барои ироаи ҳаргуна ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ барои танзими даъвои ҳуқуқӣ алайҳи нашрияи фаронсавӣ ва рӯйкарди давлати Париж эъломи омодагӣ кардааст.

Вазорати умӯри хориҷаи Покистон авоили моҳи ҷорӣ бо эҳзори сафири Фаронса, эътирози худ алайҳи суханони Раиси Ҷумҳурии Фаронса ва ташвиқи вай нисбат ба авомили исломситезиро ба давлати Париж иблоғ кард.

Аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабии Покистон низ ҳамгоми  бо давлат ва мардуми ин кишвар, иҳонат ба соҳати муқаддаси Паёмбари аъзам ( с )-ро ба шиддат маҳкум карданд ва нисбат ба ин ҷиноят ва аъмоли ифротӣ ба  Фаронса ҳушдор доданд.

Раиси Ҷумҳурии Фаронса ахиран дар изҳоротии вақеҳона гуфта буд ин кишвар ҳамчунон ба интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Расули гиромии ислом ( с ) идома хоҳад дод. Ин суханон мӯҷиби хашми мусулмонони ҷаҳон шудааст.

Маҷаллаи фаронсавии Шарли Эбдо ( Charlie Hebdo ) дувумин бор пас аз 2015 милодӣ аст, ки карикатурҳои таҳқиромез алайҳи Паёмбари ислом ( с )-ро мунташир мекунад.


 Бештар бихонед :

Барчасп