Нақшаи Трамп барои эъдомҳои бесобиқаи федералӣ
-
Маъмурияти Трамп ба нақша гирифтааст, ки қатлҳои бесобиқаи федералиро иҷро кунад
Раиси ҷумҳурии Амрико қасд дорад пеш аз тарки Кохи сафед мизони бештаре аз эъдомҳои федеролиро дар Амрико анҷом диҳад.
Ба гузориши рӯзномаи "Индипендент," ҳамзамон бо ташдиди бӯҳрони интихоботӣ дар Амрико бар сари ин ки чи касе пирӯзи ин интихобот ва раиси ҷумҳурии ояндаи Амрико шудааст, давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии кунунии ин кишвар барои рекордшикании мизони эъдоми федерол барномарезӣ кардааст.
Дар ин гузориш омадааст, Трамп қасд дорад бештар аз ҳар раиси ҷумҳурии дигаре дар торихи Амрико дастури эъдоми федеролро содир кунад.
Рӯзномаи "Индипендент" гузориш дод, Трамп дар ҳоли табдил шудан ба танҳо раиси ҷумҳурӣ дар торихи Амрико аст, ки дар давраи интиқоли қудрати дар садади анҷоми эъдомҳои федерол аст.
Трамп соли гузаштаи 2019 эълом кард, қасд дорад иҷрои ҳукми эъдоми федеролро аз сар бигирад.
Давлати Трамп дар соли ҷории 2020 то кунун ҳафт нафарро эъдом карда ва эҳтимол меравад, ки то қабл аз Крисмас се тани дигарро низ эъдом кунад.
Муҷозоти эъдоми федерол барои ҳамаи иёлатҳои Амрико ҷорӣ аст, аммо ба нудрат аз эъдоми федерол истифода шудааст.
28 иёлати Амрико ҳамакнун ҳукми эъдомро иҷро мекунанд.
Қарор аст Лиза Монтгомери рӯзи 8 декабр ба ҳукми қатли федералӣ маҳкум шавад ва ин аввалин зан дар Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки аз соли 1953 инҷониб ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
Раиси Ҷумҳурии тозаинтихоби Амрико Ҷо Байден қавл дод, ки эъдомро дар сатҳи федералӣ бозмедорад.