Маскав: Феълан табрик намегӯем
(last modified Fri, 13 Nov 2020 12:24:05 GMT )
Ноябр 13, 2020 17:24 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Русия гуфт Маскав феълан қасд надорад ба Байден ё Трамп табрик бигӯяд
    Вазири умури хориҷаи Русия гуфт Маскав феълан қасд надорад ба Байден ё Трамп табрик бигӯяд

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, Маскав феълан қасди табрик гуфтан ба ҳеч кадом аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрикоро надорад.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо баёни ин ки ҳанӯз натоиҷи расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико эълом нашудааст, афзуд: “Чун барандаи интихобот мушаххас нест, Маскав ба ҳеч кас паёми табрикӣ ирсол накардааст”.

Лавров пештар низ бо ишора ба норавшанӣ дар натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико гуфта буд: “То ин лаҳза фақат бархе расонаҳо аз натиҷаи шумориши оро суҳбат мекунанд ва иттилооти дақиқу расмӣ дар ин бора эълом нашудааст”.

Лавров пешбинӣ кард, Ҷо Байден дар сурати пирӯзӣ дар интихобот эҳтимолан роҳу равиши Барак Абама, раиси ҷумҳурии собиқи Амрикоро дунбол мекунад.

Русия дар интихоботи соли 2016 –и Амрико ба дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва таъсир бар натиҷаи он муттаҳам шуда буд, аммо ҳаргиз ин иттиҳомро напазируфт.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии феълии Амрико ва номзади ҷумҳурихоҳон натоиҷи интихоботро ки то ин замон бо пирӯзии Ҷо Байден, номзади демукратҳо ҳамроҳ буда, напазируфта ва аз “тақаллуби густарда” дар интихобот сухан гуфтааст.

Бештар бихонед: