Пашинян: тавофуқи Қарабоғ равобити Арманистонро бо Эрон тақвият мекунад
(last modified Sat, 14 Nov 2020 06:50:28 GMT )
Ноябр 14, 2020 11:50 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи сулҳи Арманистон бо Озарбойҷон, Никол Пашинянро ба хиёнат муттаҳам кардааст
    Тавофуқи сулҳи Арманистон бо Озарбойҷон, Никол Пашинянро ба хиёнат муттаҳам кардааст

Нахуствазири Арманистон густариши равобит бо Эронро яке аз натоиҷи тавофуқи сулҳи Қарабоғ донист.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Никол Пашинян рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо Шабакаи телевизионии 1-и Арманистон гуфт, тавофуқи сулҳи Қарабоғ байни кишвараш ва ҷумҳурии Озарбойҷон ин имконро фароҳам хоҳад кард, то хати оҳани Арманистон ба Эрон аз тариқи Нахҷавон фаъол шавад.

Нахуствазири Арманистон афзуд, яке аз мафоди тавофуқи сулҳи Қарабоғ рафъи инсидоди меҳварҳои иқтисодӣ ва ҳамлу нақл дар минтақа аст.

Пашинян дар дифо аз имзои тавофуқи оташбас бо ҷумҳуруии Озарбойҷон, ки ӯро муттаҳам ба хиёнат кардааст, таъкид кард, ин санад дар бораи вогузории арозӣ ба он кишвар нест, балки барои ҳифзи заминҳое аст, ки метавон онҳоро ҳифз кард.

Нахуствазири Арманистон бо баёни инки муноқишаи Қарабоғ ҳанӯз ба шакли ниҳоӣ тамом нашудааст, аз зарурати бозгашти сокинони Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба хонаҳояшон хабар дод.

Нахуствазири Арманистон ахиран дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии «Русия 1» гуфта буд, агар тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ имзо намешуд, вазъ бадтар ва вахимтар мешуд.

Ба гуфтаи Пашинян ин тавофуқнома нақши муассире барои пешрафти Арманистон дар оянда хоҳад дошт.

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ва рафъи тамоми хусӯматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ аз бомдоди 10 ноябр (рӯзи сешанбе) ба вақти Маскав ба имзои раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва раисиҷумҳури Русия расид.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: