Ноябр 14, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Туркия Гуглро ба далели рақобати беинсофона ҷарима кард
    Туркия Гуглро ба далели рақобати беинсофона ҷарима кард

Комиссияи рақобати Туркия Google 196-ро барои суистифода аз нуфузи бозораш 196,5 миллион (26 миллион доллар) ҷарима кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА , камиссияи рақобати Туркия дар баёнияе эълом кард ширкати Амрикоии Гугл шароити рақобати мунсифонаро ба далели дастрасии нобаробар ва ғайримунсифона ба фазоии таблиғотӣ поймол карда ва аз қудрати бартари худ дар бозор сӯистифода кардааст.

Мақомоти Туркия дар моҳи феврал низ Гуглро ба далели сӯистифода ва рақобати ғайримунсифона, 98 миллион лир ҷарима карда буданд.

Дар ҳамин пайванд, ахиран гурӯҳии шомили 165 ширкат аз ҷумла, ширкатҳои амрикоӣ ва англисӣ ва 21 ширкати Иттиҳодияи Аврупо дар номаи муштараке ба Маргрет Вестагер Margrethe Vestager комиссари умури зидди инҳисори Аврупо эълом карданд Гугл дар натоиҷи ҷустуҷӯ, хадамоти худро дар рутбаи болотар қарор медиҳад.

Ин ширкатҳо хостори иқдоми фаврӣ барои таваққуфи ин рафтори Гугл шуданд.
Гугл бо радди ин иттиҳомҳо муддаӣ шудааст, ки рақобати мунсифона бо сервисҳояш дар интернет комилан имконпазир аст.

Бештар бихонед:

Барчасп