Донишмандон маншаи чинии коронаро рад карданд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59138-Донишмандон_маншаи_чинии_коронаро_рад_карданд
Тозатарин ёфтаҳои донишмандон нишон медиҳад, ки моҳҳо қабл аз шиносоии аввалин мавриди ибтило ба вируси корона дар Чин, ин вирус дар Италия густариш доштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 16, 2020 14:34 Asia/Dushanbe
  • Ба ақидаи донишмандон корона пеш аз Чин дар Италия шойеъ будааст
    Ба ақидаи донишмандон корона пеш аз Чин дар Италия шойеъ будааст

Тозатарин ёфтаҳои донишмандон нишон медиҳад, ки моҳҳо қабл аз шиносоии аввалин мавриди ибтило ба вируси корона дар Чин, ин вирус дар Италия густариш доштааст.

Ба гузориши ИРНА, донишмандон ба намунаҳое аз подтани корона дар Италия даст ёфтаанд, ки мутааллиқ ба сентябри соли гузашта будаву ин дар ҳоле аст, ки мақомоти беҳдоштии ин кишвар аввалин мавриди коронаро дар моҳи январ ва замоне гузориш карданд, ки ин вирус ба шиддат дар манотиқи шимолии Италия густариш доштааст.

Бар асоси ин гузориш, донишмандон намунаи хуни ҳудуди ҳазор бемори италияиро, ки аз моҳи сентябри 2019 то марти 2020 озмоиши саратони шуш додаанд, баррасӣ кардаву ба ин натиҷа расидаанд, ки подтани корона дар ҳудуди 11 дарсади ин афрод вуҷуд доштааст.

Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи ташдиди густариши корона

Аз ин озмоишҳо 14 дарсад марбут ба сентябри 2019 ва ҳудуди 30 дарсади дигар марбут ба ҳафтаи дувуми феврали 2020 будааст.

Интишори ин ёфтаҳои нави илмӣ дар ҳоле аст, ки вируси корона мавсум ба “Ковид -19” нахустин бор миёнаҳои моҳи декабр дар шаҳри Вуҳон, воқеъ дар маркази Чин ба сурати расмӣ гузориш шуд.

Ибтидо аз ин беморӣ ба унвони илтиҳоби шуш ном бурда мешуд, аммо комиссиюни миллии беҳдошти Чин дар 30 декабри соли 2019 ба сурати расмӣ густариши вируси коронаро дар ин кишвар эълом кард.

 

Бештар бихонед: