Ҷосусии давлати Амрико аз телефони ҳамроҳи мусулмонони амрикоӣ
(last modified Tue, 17 Nov 2020 14:46:18 GMT )
Ноябр 17, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Давлати Амрико бо истифода аз нармафзорҳои мобайлӣ аз мусулмонони ин кишвар ҷосусӣ мекардааст
    Давлати Амрико бо истифода аз нармафзорҳои мобайлӣ аз мусулмонони ин кишвар ҷосусӣ мекардааст

Шӯрои равобити амрикоӣ- исломӣ хостори таҳқиқоти Конгресс дар бораи сӯиистифода ва ҷосусии Вашингтон аз мусулмонон бо истифода аз телефони ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ эълом кард, давлати Амрико аз додаҳои шахсӣ дар бархе нармафзорҳои динии мавҷуд дар телефони ҳамроҳи мусулмонони ин кишвар барои ҷосусӣ аз онон баҳра мегирад.

Шӯрои равобити амрикоӣ-исломӣ бо маҳкум кардани ин иқдом аз Конгресси Амрико дархост кард то таҳқиқоте фарогир дар бораи сӯиистифодаи давлат аз иттилооти шахсии мусулмонони дохилу хориҷи ин кишвар анҷом диҳад.

Бар асоси гузоришҳо, Muslim Pro яке аз садҳо эпликейшени мобайлӣ аст, ки иттилооти макони корбаронро ба даллолон мефурӯшад ва артиши Амрико ҳам иттилооти макони корбарони ин эпликейшенро аз яке аз ин даллолон харидорӣ кардааст.

Ин иттилоот ба манзури кумак ба амалиёти нерӯҳои вижаи Амрико дар хориҷ аз ин кишвар ба кор мерафтааст.

Нармафзори мобайлии Муслим Про, ки вақти намозро ба корбарон ёдоварӣ мекунад, ба иддаои созандааш бо беш аз 98 миллион боргирӣ, маҳбубтарин эпликейшени мазҳабӣ аст.